Номи аслии ин бонуи гаронқадр, Фотима ва машҳуртарин лақаби вай Маъсума аст. Падари бузургвораш Имом Мӯсои Козим(а) ва модари гаронқадраш Наҷма-Хотун ва бародари бузургвораш Имом Ризо(а) буд.

Бону Фотимаи Маъсума дар даҳӯми зилқаъдаи соли 173-и ҳиҷрӣ, 26-марти соли 790 мелодӣ, дар шибҳиҷазираи Арабистон дар шаҳри Мадина ба дунё омаданд. Дар синни кӯдакӣ шаҳодати падари азизашро, ки тавассути Ҳорун дар Бағдод зиндонӣ шуда буд, таҷриба кард ва пасон вай таҳти муроқибати бародараш Имом Ризо қарор гирифт.

Дар соли 200 ҳиҷрӣ дар паи исрорҳо ва таҳдидҳои Маъмун, халифаи аббосӣ, Имом Ризо ногузир Мадинаро ба мақсади Хуросон ва шаҳри Марв тарк кард; бе он ки касеро аз хона ё наздиконаш бо худ бурда бошад.

Як сол баъд, аз азимати Имом Ризо, бону Фотимаи Маъсума ба шавқи дидори бародар, бо ҳамроҳии бархе аз хешовандон ба сӯи Хуросон раҳсипор шуданд.

Онҳо дар роҳи худ ба Хуросон мавриди истиқболи мардум қарор мегирифтанд. Дар ҷараёни ин сафар, бону Фотимаи Маъсума монанди аммаи шарифаш, ҳазрати Зайнаб афроди мутадаййин ва мусалмононро нисбат ба зулму ситаме, ки бар бародари азизаш ворид шуда буд, огоҳ месохт. Ӯ мухолифати Аҳли Байт(а) ва худашро бо ҳукумати фиребдиҳандаи аббосӣ эълом мекард.

Аз ин рӯ, ҳангоме ки корвони эшон ба Сова (шаҳре дар ҳудуди ҳаштодкилометрии Қум) расид, гурӯҳе аз вобастагон ба ҳукумат, роҳро бар ҳазрат баста ва ба онҳо ҳамла карданд. Дар ин даргирӣ, тақрибан ҳамаи мардони корвон кушта шуданд. Дар натиҷа, ҳазрати Маъсума ба далели ғами аз даст додани бародарон ва ҳамроҳонаш башиддат бемор шуд. (Ҳатто бар асоси ривояте, ҳазрат бар асари заҳр бемор шуданд).

Аз он ҷо ки дигар имкони идомаи сафар ба Хуросон вуҷуд надошт, ҳазрат тасмим гирифтанд, ба Қум бираванд ва гуфтанд: “Маро ба Қум бибаред, зеро шунидаам, ки Қум маркази шиаён ва пайравони мост”.

Бо расидани хабари вуруди корвони ҳазрати Маъсума ба Қум, аҳолии шаҳр саросема ба истиқболи ӯ рафтанд.

Дар 23-и рабиулаввали соли 201 ҳиҷрӣ, дар ҳоле ки Мусо ибни Хазраҷ, раиси қабилаи Ашъарӣ, афсори шутури ӯро гирифта буд ва теъдоди бисёр зиёде аз мардум, бо пои пиёда ва савора дар атрофи каҷоваи ӯ ҳаракат мекарданд, эшон ба Қум расиданд.

Ҳангоме ки ба маркази шаҳри Қум расиданд, шутури ӯ дар муқобили хонаи Мусо ибни Хазраҷ, ҷое, ки акнун майдони Мир номида мешавад, нишаст ва ба ӯ ифтихори мизбонӣ аз ҳазрати Маъсума эъто шуд.

Ҳазрат 17 рӯз дар Қум зиндагӣ карданд. Дар ин муддат, ӯ ба ибодат ва дуо машғул буд. Маҳалли ибодати ӯ, акнун дар хиёбони Аммори Ёсир, дар майдони Мир, қарор дорад ва “Байтун-Нур” номида мешавад, ки як макони маҳбуб барои зоирон, барои эҳтиром ба мақоми ҳазрат аст. Саранҷом дар даҳӯм, ё ёздаҳӯми рабиуссонӣ, соли 201 ҳиҷрӣ, ҳазрат бо ғаму андӯҳи бисёр бе он ки бародарашро зиёрат кунад, дар ғурбат даргузашт.

Мардуми Қум пайкари поки ӯро ба боғе ба номи Боғи Бобилон ташйеъ карданд. Ҳангоме ки қабр омода шуд ва мехостанд ҳазратро дафн кунанд, мутаҳаййир монданд, ки чӣ касе бадани поки ҳазратро дар қабр гузорад.

Ногаҳон ду савори ниқобдор аз самти қибла зоҳир шуданд. Онҳо пеш омаданд ва намозро барпо карданд, сипас яке аз онҳо вориди қабр шуд ва дигарӣ бадани поки ҳазратро ба ӯ дод, пас аз итмоми маросими дафн, он ду нафар бе он ки бо касе сухан бигӯянд, савори аспҳо шуданд ва аз он ҷо рафтанд. Ба гуфтаи бархе аз муҳаққиқон, ин ду шахси шариф, ду ҳуҷҷати Худо бар рӯи замин, Имом Ризо ва Имом Ҷавод(а) буданд, ки ба таври мӯъҷизаосое дар он макон зоҳир шуданд.