Яке аз вижагиҳои ҳазрати Фотимаи Маъсума ин аст, ки вайро Марями Оли Муҳаммад(с) номида ва дар фарҳанги исломӣ, бо Марями Муқаддас муқоиса шудааст.

Бар тибқи мутуни исломӣ, Марям духтари Имрон ва модари Исо(а) бартарин бонуи замони хеш буда ва танҳо бонуест, ки номаш дар Қуръон зикр шудааст ва сураи нуздаҳуми Қуръон, (сураи Марям) ба зиндагии ӯ ихтисос ёфтааст.

Барои намуна бархе аз фазоили он ҳазратро зикр мекунем:

Қабл аз таваллудаш, ӯ ба хидмат дар Байтулмуқаддас ихтисос ёфта буд. Ҳамчунин дар баъзе авқот, мева ва ғизоҳои биҳиштӣ барои ӯ нозил мешуд. Вақте ба синни булуғ расид, бо дидани фариштае бордор шуд ва сипас Исо(а)-ро ба дунё овард ва ҳазрати Исо дар ҳоле ки танҳо серӯза буд, лаб ба сухан кушод ва гуфт: Ман бандаи Худо ҳастам, ки ӯ китобро ба ман дод ва маро паёмбар баргузид. Марям яке аз чаҳор бонуи бартари ҷаҳон буд ва ҳазрати Фотима Маъсума бо ӯ дар покдоманӣ ва насаби покаш ба унвони як бонуи бартари ҷаҳон, муқоиса шудааст.